Судҳои иқтисодӣ самараи истиқлолияти давлатӣ ва таъмини адолати судӣ дар меҳвари Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи милли Тоҷикистон” дар мавзуи “Судҳои иқтисодӣ самараи истиқлолияти давлатӣ ва таъмини адолати судӣ дар меҳвари Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиши илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 31 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 соли фаъолияти босамари Судҳои иқтисодӣ баргузор гардид. Дар ин бора Радиои “Садои Душанбе” иттилоъ медиҳад.
Ҳамоиш бо ибтикори Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар кори он намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, парлумон, мақомоти судӣ ва собиқадорону меҳмонон ширкат намуданд.
Зикр рафт, ки давоми 31- сол Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушди дигар бахшҳои ҷомеа ба таҳкими волоияти қонун ва адолати судӣ дар мамлакат замина фароҳам оварад.
Дар идомаи ҳамоиш пас аз пешниҳоди маърузаҳо, оид ба ҷанбаҳои дигари Конситутсия миёни ҳозирин мубодилаи андеша сурат гирифт.
Т.Сатторов

