Футболбозони “Истиқлол” ба шаҳри Теҳрон расиданд

Нимаи дуюми рӯзи 22-юми октябр ҳайати дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе барои баргузории бозии даври сеюми Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё бо дастаи “Персеполис” озими шаҳри Теҳрон шуд.

Дар фурудгоҳи шаҳри Теҳрон  қаҳрамони мамлакатро  намояндагони тими «Персеполис» ва   кормандони сафорати Тоҷикистон дар  Эрон пешвоз гирифтанд.

Имрӯз, намояндагони даста дар ҷаласаи пеш аз бозӣ иштирок намуда, пеш аз тамрини расмӣ сармурабӣ ва як нафар аз бозингарон дар нишасти матбуотӣ ширкат меварзанд..

  Ёдовар мешавем, ки вохӯрии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 миёни дастаҳои «Персеполис»-и  Эрон ва «Истиқлол»-и  Тоҷикистон рӯзи 24-уми октябр дар варзишгоҳи «Озодӣ» баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 21:00 ба вақти Душанбе аст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE