Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-ро ифтитоҳ намуданд
20 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Охҷари деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-ро ба истифода доданд.
Иншоот дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкории Ҳукумати мамлакат бо шарикони рушд сохта шудааст.
Бинои муассисаи нави таълимӣ дуошёна буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Муассисаи замонавии таълимӣ аз 10 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, синфхонаҳои технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Ҳадаф аз бунёд ва ба истифода супоридани муассисаи нави таълимӣ идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ин восита беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар руҳияи донишомӯзӣ ва ватандӯстӣ мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф соли 2021 оғоз гардида, дар заминаи амалишавии Лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф» аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна» бо ҷалби мутахассисони ҶДММ «Фирӯз» бунёд шудааст. Дар ҷараёни сохтмон беш аз 35 нафар ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.
Бино дорои низоми гармидиҳии мустақил буда, бо усули каммасрафи истифода аз ангиштсанг дар айёми сардиҳои фасли зимистон тамоми синфхонаҳо гарм мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамоварда дар даргоҳи нави маърифат шинос шуда, бо омӯзгорону хонандагони муассиса суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Таъкид гардид, ки ба истифода додани чунин муассисаи таълимии дорои шароиту имконоти муосири таҳсил, аз ҷумла таъминот бо технологияи инноватсионӣ ва ба роҳ мондани роҳу усулҳои пешрафтаи таълим, бешубҳа, ба боло бардоштани сатҳи донишомӯзӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии хонандагон мусоидат намуда, ҷиҳати рушди қобилияти зеҳнӣ ва навоварии насли наврас заминаи воқеӣ мегузорад.
Саҳн ва атрофи бинои нави муассисаи таълимӣ сабзу хуррам буда, дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёшуда ва суҳбат бо омӯзгорон ба онҳо ҷиҳати истифодаи оқилонаи имконияти мавҷуда бо мақсади тарбияи насли ояндасози миллат дар руҳияи ватандӯстиву донишомӯзӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.