Тоҷикистон ва СММ «Чаҳорчӯби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор 2023-2026»-ро ба имзо расониданд

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» саҳми СММ-ро дар ҳалли мушкилоти рӯзафзуни ҷаҳонӣ,  махсусан дар масъалаҳои марбут ба мудирияти муассири об истиқбол менамояд.

Дар ин радиф, ниҳодҳои СММ худро ҳамчун шарики устувор дар пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об ва суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор собит кардаанд.

Дар идома Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ҳамоҳангсози кишварии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу «Чаҳорчӯби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор 2023-2026»-ро ба имзо расониданд.

Чаҳорчӯби ҳамкорӣ дорои авлавиятҳои стратегии ҷаҳонӣ, аз ҷумла  Ҳадафҳои Рушди Устувор буда, он баҳри татбиқи ҳадафҳои миллӣ мусоидат мекунад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE