Ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай бо имзои изҳороти муштарак ба анҷом расид

Бо имзои якчанд ҳуҷҷати муҳим дар Бишкек ҷаласаи 22-юми Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли васеъ ба анҷом расид. Дар ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Қабл аз оғози ҷаласа Қоҳир Расулзода ҳамроҳ бо дигар роҳбарони ҳайатҳои расмӣ дар маросими истиқболу  аксбардорӣ  ва мулоқот бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров иштирок намуд.

Аз ҷумла, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои (сарвазирони) давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай изҳороти муштарак ба имзо расид.

Ҳамчунин ҳуҷҷатҳое, ки ба татбиқи барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодии давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай, буҷети созмони ҳамкории Шанхай барои соли 2024, қоидаҳои молиявии созмони ҳамкории Шанхай, нигоҳдории маблағ, кафолатҳо ва ҷубронпулии шахсони мансабдори мақомоти ба таври доимӣ амалкунандаи Созмони ҳамкории Шанхай дахл доранд, ба имзо расиданд.

Инчунин нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани Соли экологияи Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2024 ба имзо расид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE