Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи назариявӣ-амалӣ доир мешавад
1 ноябр бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсия – иродаи мо, ҷавонон дар роҳи давлатдории миллӣ» конференсияи назариявӣ – амалӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар конференсия иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дорандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, гирандагони Стипендияи президентӣ, олимону муҳаққиқони ҷавон, варзишгарони муваффақ, волонтёрон ва ҷавонони фаъоли мамлакат, дар маҷмуъ 400 нафар дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки бисту нуҳ сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994, дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд. Аз ин рӯ таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябр яке аз идҳои асосии миллии мо маҳсуб мешавад.