1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд

1 ноябр дар Минск нишасти Комиссияи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (Омбудсмен)-и давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

Ба ҳайати комиссия омбудсменҳои кӯдакон аз Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия шомил мебошанд.

Рӯзномаи ҷаласа ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бар мегирад.

Кори комиссияи омбудсменҳои ҳуқуқи кӯдакони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо ташаббуси ҷониби Русия таъсис ёфтааст, соли равон тақвият ёфт. Дар нишаст табодули таҷриба доир  шуда, иштирокдорон имкон пайдо менамоянд, ки доир ба масъалаҳои мубрами ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон назари худро баён  созанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE