Намояндаи Тоҷикистон дар шаҳри Риёз дар вохӯрии вазирони сайёҳӣ иштирок дорад

 Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муъминзод дар вохӯрии вазирони сайёҳӣ, ки 27 сентябр дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оғоз гардид, иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд.

Вохӯрӣ ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ бахшида шуда, то 28 сентябр идома меёбад.

Дар ин вохӯрӣ инчунин 50 вазири сайёҳӣ ва намояндагони зиёда аз 100 давлат иштирок доранд.

Иштирокдорон доир ба масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи сайёҳӣ, таъмини фаъолнокии давлатҳо дар ҷамъоварии тадбирҳои муфид барои рафъи мушкилиҳои соҳаи сайёҳӣ дар сатҳи байналмилалӣ, роҳандозӣ ва рушди ҳамкории сайёҳӣ муҳокимаҳо анҷом хоҳанд дод.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE