Санаҳои нави баргузории Бозиҳои 19-уми Осиё эълон шуданд
Шӯрои олимпии Осиё (OCA) санаҳои нави Бозиҳои 19-уми Осиёро дар Ҳангжоуи Чин эълон кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд. «Бозиҳо соли оянда аз 23 сентябр то 8 октябр баргузор хоҳанд шуд»,- таъкид намуданд дар КМО Тоҷикистон.
Дар ибтидо Бозиҳои 19-уми Осиё аз 10 то 25 сентябри соли 2022 дар Ҳангжоу ба нақша гирифта шуда буданд, аммо бо сабаби пандемияи COVID-19 мавқуф гузошта шуданд.
Гурӯҳи корӣ барои муайян кардани санаҳои нав тайи ду моҳи охир бо Кумитаи олимпии Чин, Кумитаи тадорукоти Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу (HAGOC) ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои дарёфти равзанаи бозиҳо, ки ба дигар чорабиниҳои бузурги байналмилалии варзишӣ мухолифат накунанд, баҳсҳои гуногун анҷом дод. Санаҳои тавсиянамудаи гурӯҳи корӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи OCA тасдиқ карда шуд.
«OCA ба HAGOC ва Кумитаи олимпии Чин барои заҳматашон дар омодагӣ ба Бозиҳо дар давраи пандемия ва таъмини баргузории онҳо дар соли оянда миннатдорӣ баён мекунад. OCA инчунин мехоҳад, ки барои сабрашон ба кумитаҳои миллии олимпӣ, федератсияҳои байналмилалӣ/федератсияҳои Осиё ва дигар ҷонибҳои манфиатдор изҳори сипос намояд», — омадааст дар барқияи Шӯрои олимпии Осиё.
Ба барномаи Бозиҳои 19-уми Осиё 40 намуди варзиш (61 равияи варзишӣ) ворид гардидааст. Ҳудуди 10000 варзишгар аз 45 давлати қора барои 482 маҷмӯи медалҳо талош мекунанд. Кишварҳои Уқёнус низ барои иштирок дар баъзе намудҳои варзиш даъват карда мешаванд, аммо дар сурати ғолибият ба онҳо медали ифтихорӣ тақдим мегардад.
Бозиҳои Осиё зери сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё аз соли 1951 ҳар чор сол як маротиба баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар Бозиҳои Осиё ширкат мекунад ва то имрӯз сазовори 27 медал – 4 тилло, 6 нуқра, 17 биринҷӣ гардидааст.