Дастаҳои КМВА ВА «Хуҷанд» пас аз ду рӯз рақобатро дар марҳилаи гурӯҳӣ шурўъ мекунанд

 24 июн дар минтақаи марказӣ марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 оғоз мешавад. Дастаҳои КМВА (Душанбе) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) дар ин мусобиқоти бошгоҳии Осиё ширкат мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар гурӯҳи «Е» рақибони барандаи медали биринҷии чемпионати Тоҷикистон КМВА-и Душанбе бошгоҳҳои «Суғдиёна» (Ӯзбекистон), «Алтин Асир» (Туркманистон) ва «Нефтчӣ» (Қирғизистон) хоҳанд буд. Ҳамаи бозиҳо дар ин чаҳоргона дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Дар гурӯҳи «F» ноибқаҳрамони Тоҷикистон «Хуҷанд» барои роҳхати ягонаи даври баъдӣ бо қаҳрамони Қирғизистон «Дордой» ва барандаи Ҷоми Туркманистон «Копетдаг» мубориза мебарад. Ҳамаи бозиҳои ин гурӯҳро Бишкек мизбонӣ мекунад.

Ғолибони гурӯҳҳо дар марҳилаи финалии минтақавӣ вомехӯранд, ки барандаи он 100 ҳазор доллари ИМА мегирад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE