Мулоқоти Зубайдзода Зубайдулло бо намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Кувайт

16 июли соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Давлати Кувайт Зиёд Накат баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар хусуси ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон, ҳамкории ниҳоди мазкур дар қаламрави кишвар ва масоили дигари мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE