Дар Душанбе масъалаҳои омодагӣ ба Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вобаста ба масъалаҳои омодагӣ ба Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Эрон мулоқоти раиси Кумита Саъдӣ Қодирзода бо соҳибкорони ватанӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин Кумита хабар доданд.

Дар мулоқот изҳор гардид, ки мақсади асосии баргузории форум- ин муаррифии ҳарчӣ бештари имконияти сармоягузорию соҳибкорӣ ва дар ин замина диверсификатсияи ҷалби сармоя ба иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб рафта, соҳибкорони ватаниро зарур аст, ки ҷиҳати омода намудани лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ ва иштироки фаъолона дар форум тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Зимни ҷамъомад дигар масъалаҳо низ вобаста ба баргузории форум аз ҷониби тарафҳо баррасӣ шуданд.

Тавре қаблан хабар додем, пагоҳ, 8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.

Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешавад.

Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот намуда, дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон иштирок менамояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE