Таъсиси медали ҷашнии «30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми 2, моддаи 8 ва моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсиси медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Дар ин бора раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода зимни баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, иттилоъ дод.

Зикр шуд, ки пешниҳоди мазкур бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани ин санаи барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим, таърихӣ ва тақдирсоз ва бо медали ҷашнӣ қадр намудани шахсони арзанда, ки барои ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, таҳия гардидааст.

Дар ҷаласаи Шӯро, ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки Истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти ҳар халқу миллат падидаи сарнавиштсоз буда, маҳз тавассути он халқу миллатҳо худро ба оламиён муаррифӣ менамоянд. Аз ин рӯ, бо мақсади тантанавор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, эътирофу қадршиносии хизмати шахсони арзанда дар таҳкими давлатдории Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст, ки медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE