Маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба андозаи 75 фоиз таъмин шудааст

 Масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар ҷараёни як моҳи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аллакай иҷрои нақшаро дар қаламрави ҷумҳурӣ ба 75 фоиз баробар намудаанд, хабар медихад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиа ҷумҳурӣ.

Давоми як моҳи ҷараёни даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аллакай комиссияҳои давлатии зиёда аз 20 шаҳру ноҳияҳои мамлакат оид ба анҷоми ин чорабинии муҳими сиёсӣ ё иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд.

Тавре қаблан хабар додем, дар нахустин рӯзи даъват шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Вахш ва Фархор аввалин шуда, дар ҷумҳурӣ иҷрои нақшаро пурра таъмин намуданд.

Бо ҳамин тартиб дар ду даҳрӯзаи аввал ва то охири моҳи октябри соли равон шаҳру ноҳияҳои Носири Хусрав, Норак, Левакант, Данғара Дӯстӣ, Роғун ва ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт низ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.

Дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат гусели сарбозони ояндаи Ватан дар шаҳри Душанбе низ муташаккилона ва дар сатҳи зарурӣ идома дошта, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар самти гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овардаанд. Дар як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақша дар шаҳри Душанбе ба 72 фоиз баробар гардид.

Даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ муташаккилона ва дар сатҳи баланд идома дорад. Ин аст, ки иҷрои нақшаи даъвату гусели муҳофизони Ватан ба сафи Артиши миллии мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то охири моҳи октябр аллакай зиёда аз 80 фоизро ташкил медиҳад.

Дар вилояти Хатлон низ чорабиниҳои даъватии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хуб ҷараён дорад. Новобаста аз он ки шаҳрвандон нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ин вилоят бештар даъват  мешаванд, масъулини вобаста чанд сол аст, ки пеш аз муҳлат аз иҷрои пурраи нақша гузориш медиҳанд. Дар айни замон иҷрои талаботи уҳдадории масъулин дар самти даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ҳама минтақаҳои вилояти Хатлон ба 79 фоиз баробар мебошад.

Дар гарнизони ҳарбии Суғд низ чорабиниҳои даъвату гусели  шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» муташаккилона ҷараён дошта, иҷрои нақша дар ин вилоят давоми як моҳ 65 фоизро ташкил медиҳад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE