РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Дар ноҳияи Рашт ба ин муносибат ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
8 ноябр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Дар чорабинӣ раисони ноҳияҳои водии Рашт, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт, роҳбарон ва кормандони соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ дар минтақа, собиқадорони мақомоти милитсияи тоҷик ва фаълону сокинон баргузор гардид.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳия дар бораи роҳҳои тайнамудаи мақомоти милитсияи тоҷик сухан гуфт. Таъкид шуд, ки милитсияи тоҷик имрӯз тамоми шароитро барои мубориза бо зуҳурот ва унсурҳои номатлуби ҷомеа доро мебошад. Зеро дар тамоми зинаҳои мақомот кормандони босалоҳияту ботаҷриба фаъолият менамоянд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки милитсияи тоҷик аз нахустин рӯзҳои таъсис роҳҳои душвору мураккабро тай намуда, аз тамоми санҷишҳо ва иҷрои он вазифаҳое, ки дар замони мураккабу душвор гузошта шуда буд, сарбаландона баромада, тамоми қувва, неруи зеҳнӣ ва касбии хешро барои таъмини вазъи муътадили сиёсиву ҷамъиятӣ, оромиву осудагии шаҳрвандон ба харҷ дода, дар таҳкими амнияти ҷомеа, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳми арзанда гузоштааст.
Дар вазъияти тантанавӣ ба кормандони фаъол ва собиқадорони мақомоти милитсия сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.