Вазорати фарҳанг: норасоии кадрҳо дар муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ фарогири 3400 нафаранд
Мазмуну муҳтавои пасти сурудҳои баъзе сарояндаҳои навруста дар фазои фарҳангу санъати тоҷик, мавҷуд набудани марказҳои фарҳангиву фароғатӣ дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ва дигар мушкилот аз масоили нишасти хабарии Вазорати фарҳанги кишвар ба шумор мерафт.
Дар қисмати аввали имрӯз дар толори маҷлисии Вазорати фарҳанг нишасти матбуотии ин ниҳод бо ҳузури вазири фарҳанг Давлатзода Зулфия, дигар ҳайати роҳбарикунанди ин вазорат ва рӯзноманигорон доир гардид. Дар оғози маърӯзаи хеш хонум Давлатзода зикр кард, ки Вазорати фарҳанг соли 2020-ро баҳри амалисозии сиёсати фарҳангии мамлакат, дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ва истифодаи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат мавриди корбарӣ қарор додаанд.
Дар ин давра чанд дастоварде низ ба сифати намунаи ифтихор, минҷумла баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, бо ибтикори Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чанд иншооти нави фарҳангӣ, монанди Театри мусиқӣ – драмавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ, қасри фарҳанги шаҳраки Бӯстон ва ноҳияи Восеъ, ширкати Театри ҷавонон ба номи М. Воҳидов бо намоишномаи “Дирафши Коваёнӣ” дар Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ тариқи онлайнӣ дар иёлати Ню-Ҷерсии Амрико, сафари ҳунарии Театри русии ба номи Маяковский ба чанд шаҳри Федератсияи Россия ва ғайра дор гардид.
Дар қисмати дигари нишасти мазкур, ки дар пурсишҳои иштироки васеи рӯзноманигорон таркиб ёфт, каму костагиҳо ва мушкилоти ҷойдоштаи соҳа буд. Аз ҷумла, норасоии кадрҳо дар муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ дар тамоми атрофу акнофи ҷумҳурӣ бо шумули фаротари 3400 нафар мебошад. Дар ин росто, набудани бино, фаъолият накардан ва вайрону валангор шудану ба тамом аз истифода берун уфтодани марказҳои фароғативу клбуҳо дар манотиқи мухталифи кишвар яке аз масъалаҳои дигари нишасти мазкур буд, ки аз сӯйи хабарнигорон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин, зикр рафт, ки чаро озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз шумули олимону рӯзноманигорон дар ҳайати доварон ягон нафар набуд ва хонум Давлатзода баён дошт, ки минбаъд ба назар гирифта мешавад.
Лутфулло АЗИЗОВ,
“Садои Душанбе”