Дар Тоҷикистон аз ҷониби Туркия корхонаи хурди банду басти мева бунёд мегардад

9 ноябр мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо намояндаи Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон Иброҳим Этҳем Унал баргузор гардид, ки зимни он масъалаи бунёди корхонаи хурди банду басти мева баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзӣ хабар доданд.

Ҳамзамон дар мулоқот ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъдаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки дар оянда ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишоварзони Туркия, воридоти чигит, тухмии картошка ва дигар зироат, техникаи кишоварзӣ сари вақт амалӣ карда шавад.

Намояндаи Агентии Туркия Иброҳим Этҳем Унал ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои растанипарварӣ, тухмипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ, бунёди корхонаи хурди банду басти мева,  омӯзиши мутахассисони соҳа, самтҳои  афзалиятноки соҳа  ва амалӣ намудани таҷрибаи рушдёфтаи Туркия дар Тоҷикистон баён намуд.

Дар фарҷом ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати баррасии саривақтии лоиҳаҳои дар оянда амалишаванда баён намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE