Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор мешавад
15 ноябр, соати 14:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллӣ хабар доданд.
Ҳамоиш таҳти унвони «Президент–ҳомии миллат» доир шуда, дар он намояндагон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз вазорату мактабҳои олӣ иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул намуданд. Дар асоси он ҳамасола 16 ноябр дар мамлакат Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.