Рустами Эмомалӣ дар Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 85-солагии таъсиси Жогорку Кенеш – Шурои Олии Ҷумҳурии Қирғизистон суханронӣ намуданд

16 ноябр дар ҳошияи ҷаласаи Шуро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 85-солагии таъсиси Жогорку Кенеш – Шурои Олии Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад.

Зимни суханронӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз намуданд, ки парламенти Қирғизистон роҳи арзишманди рушдро тай намуда, дар ташаккул ва таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии   Қирғизистон  саҳми назаррас гузоштааст.

Дар баробари ҳуқуқэҷодкунӣ парламенти Қирғизистон дар муайянсозии роҳҳои рушди минбаъдаи демократияи намояндагӣ, ташаккули заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ барои гузаронидани ислоҳот фаъолона иштирок намуда, дар таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр нақши муассир дорад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкории васеъ бо ҳамаи давлатҳои дӯст буда, дар ин асос барои густариши муколамаи байнипарлумонӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон дар заминаи ҳамкории анъанавии дӯстона, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва шарикии байни давлатҳо ҳавасманд мебошад.

Дар конференсия ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва намояндагони созмонҳои байниминтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE