10 ҷудокори ҷавони тоҷик дар мусобиқа барои дарёфти “Ҷоми Рагуф Оруҷев” дар Боку ширкат меварзанд
Рӯзҳои 16-17-уми ноябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти «Ҷоми Рагуф Оруҷев» миёни ҷавонони то 21-сола баргузор мешавад, ки дар он дастпарварони Клуби ҷудои “Ҳоҷӣ Шариф” ширкат мекунанд.
Ҳайати дастаи Клуби ҷудои «Ҳоҷӣ Шариф» дар мусобиқаи «Ҷоми Рагуф Оруҷов» чунин аст:
▫️Бинёмин Назиров (-66 кг)
▫️Магомед Фармонбеков (-66 кг)
▫️ Илҳомиддин Ҷабборов (-73кг)
▫️Абдулло Лоиқов (-73кг)
▫️ Муссо Саъдуллоев (-73 кг)
▫️ Эмомалӣ Қурбонов (-81кг)
▫️ Мустафо Раҳматуллоев (-81кг)
▫️ Абдулаҳад Маҷидов (-81кг)
▫️Амрулло Давлатов (-90 кг)
▫️ Сомонӣ Кишваров (-90кг)
Ёдовар мешавем, ки ҷудокорони тоҷикро дар ин мусобиқа мураббӣ Мустақим Ҳотамов роҳнамоӣ мекунад.