Завқӣ Завқизода даври дуюми гуфтушунидҳоро вобаста ба баррасии Созишномаи тавсеаёфтаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо раисӣ намуд

28 ноябр дар шаҳри Брюссели Белгия таҳти раисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Сарпарасти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Сардори Департаменти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Люк Девин даври дуюми гуфтушунидҳо вобаста ба баррасии «Созишномаи тавсеаёфтаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки Иттиҳоди Аврупо шарики рушди боэътимод ва муҳим барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ин созишнома барои боз ҳам бештар тавсеа додани ҳамкории бисёрсамта заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дар созишнома густариши ҳамкорӣ байни ҳарду ҷониб дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла иктисод ва савдо, сармоягузорӣ, иқтисоди «сабз», молия, бонкдорӣ, энергетика, саноат, нақлиёт ва логистика, маориф ва таҳкими сарҳад дарҷ гардидааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE