Тоҷикистон ҳамкориро бо UNECE дар соҳаи инноватсия ва иқтисоди рақамӣ тақвият медиҳад
Ҷанбаҳои асосии рушди ҳамкорӣ дар самтҳои инноватсия ва иқтисоди рақамӣ дар мулоқоти Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) Татяна Молчан дар шаҳри Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин Агентӣ.
Ҷонибҳо ҳамзамон рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи технологияҳои «сабз» барои рушди устуворро баррасӣ намуданд.
Татяна Молчан бо изҳори қаноатмандӣ аз дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ташаккули инфрасохтори рақамӣ ва афзоиши иқтидори инноватсионии мамлакат аз омодагии UNECE барои тақвияти ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ сухан гуфт.
Хуршед Мирзо изҳор дошт, ки Тоҷикистон омода аст бо UNECE дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷриба ва таҳияи сиёсати инноватсионӣ ҳамкорӣ намояд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон