Беҳрӯз Сайфиддинов дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷои аввал шуд

Дар Консерваторияи давлатии Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Мусиқии давлатҳои Авруосиё дар контексти ҷаҳонӣ» озмуни байналмилалии олимон-мусиқишиносони ҷавон доир гардид, ки дар он мудири кафедраи фортепианои тахассусии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Беҳрӯз Сайфидддинов дар номинатсияи «Мусиқишиносӣ» (гурӯҳи аспирантон ва омӯзгорон) иштирок намуда, сазовори дипломи дараҷаи 1  гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Консерваторияи миллӣ хабар медиҳад.

Дар озмун донишҷӯён, омӯзгорон ва аспирантон аз Узбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия ва дигар давлатҳо иштирок намуданд.

Озмун аз рӯи ду бахш: донишҷӯён ва омӯзгорон (аспирантон) баргузор гардид.

Тавре Беҳрӯз Сайфидддинов дар суҳбат бо мо гуфт, “мо бо дастгирии роҳбари илмӣ, доктори санъат Фирӯз Улмасов дар озмун иштирок намуда, бо ҳамкории роҳбар дар бораи эҷодиёти симфонии композитори машҳури тоҷик Толибхон Шаҳидӣ мақола навиштем.

Дар даври якум мақоларо ба кумитаи тадокуроти озмун равон намудем. Маро ба даври дуюм, ки бояд дар Консерваторияи давлатии Узбекистон баргузор мегардид, даъват намуданд. Даври дуюм дар шакли конференсия гузашт. Дар он иштирокчиён бояд мақоларо ҳамчун маъруза пешниҳод менамуданд”.

Беҳруз иброз дошт, ки ба баромади ӯ доварони озмун баҳои аъло доданд ва ӯ сазовори ҷойи якум гардид.

Бояд гуфт, ки тибқи низомномаи озмун, мақолаҳои лауреатони озмун дар маҷаллаи байналмилалӣ чоп мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE