Дастаи «Истиқлол» ғолиби Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал гардид

Дар шаҳри Душанбе Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал ба анҷом расид. «Истиқлол» дар бозии панҷуми силсилаи ниҳоӣ бар дастаи «Соро компания» бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, аввалин маротиба чемпиони Тоҷикистон шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.  

Ҳамин тариқ, «Истиқлол» ғолиби Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал гардид. Медалҳои нуқра насиби бозигарони «Соро компания» шуданд. Дастаи «Амонатбонк» барандаи медали биринҷии чемпионат шуд.

Дарвозабони «Истиқлол» Фирӯз Бекмуродов беҳтарин дарвозабони бозии ниҳоӣ эътироф гардид. Ҷоизаи беҳтарин ҳимоятгар ба легионери эронии «Соро компания» Муҳсин Муҳаммадзода супорида шуд.

Беҳтарин бозигари вохӯрии панҷуми силсилаи ниҳоӣ муаллифи голи пирӯзиовар- ҳимоятгари «Истиқлол» Раҳмоналӣ Шарифов гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE