Таҳти раёсати шаҳри Душанбе Форуми раисони шаҳрҳои Осиё доир шуд
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии ҳисоботӣ-ҷамъбастии Форуми раисони шаҳрҳои Осиё таҳти раёсати шаҳри Душанбе тариқи маҷозӣ доир шуд, ки дар кори он намояндагон аз 32 шаҳри узви ин созмон иштирок доштанд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар вохӯрӣ натиҷаҳои фаъолияти созмон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 мавриди муҳокима ва баррасии ҷонибҳо қарор дода шуданд.
Шаҳри Душанберо дар вохӯрӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода намояндагӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки шаҳри Душанбе узви фаъоли Форуми раисони шаҳрҳои Осиё буда, раёсати онро то соли 2025 ба зимма дорад. Ҳамзамон шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (Мегаполис), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо, шаҳрҳои Муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ буда, айни замон бо 20 шаҳри қитъаҳои Осиё, Аврупо, Амрико ва Африқо муносибатҳои дӯстона ва бародарона дорад.
Шаҳри Душанбе бо дарназардошти имконияту дастовардҳо солҳои охир ҳамчун макони амнтарин, беҳтарин шаҳри сайёҳӣ ва гаштугузори шабона, инчунин пойтахти фарҳангии давлатҳои минтақа пазируфта шуд.