Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар бахши авиатсияи гражданӣ густариш медиҳанд. Дар ин иртибот дар Душанбе мулоқоти директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар, директори минтақавии Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Тоҷикистон (ТИКА) Иброҳим Этҳем Унал баргузор гардид. Дар ин бора аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот таъкид шуд, ки авиатсияи гражданӣ яке аз соҳаҳои муҳими ҳамкории байни ду давлат маҳсуб ёфта, он пайваста рушду такомул меёбад.
Ҳамзамон дар мулоқот имзо намудани Ёддошти тафоҳуми нав байни мақомоти авиатсионӣ, масъалаҳои зиёд намудани шумораи парвозҳои мусофиркашонӣ, ифтитоҳи парвозҳои боркашонӣ, паст намудани нархи сӯзишворӣ ва хизматрасонии рӯизаминӣ дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки парвозҳои боркашонӣ ҷиҳати рушди ҳамкории иқтисодӣ заминаи мусоидро фароҳам меорад.
Директори минтақавии Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар оянда дар доираи ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсия барои пешрафти соҳа, аз ҷумла барои бозомӯзии мутахассисони соҳа, омӯзиши мутахассисони фурудгоҳҳо, мубодилаи таҷрибаи давлати Туркия ва дигар амалҳо мусоидат менамояд.