Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён сардхонаи муосири ҶДММ «Сомон Агро Саноат»-ро мавриди истифода қарор доданд

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён сардхонаи муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон Агро Саноат»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Сардхона дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо маблағгузории ширкати «Сомон Агро Саноат» бунёд гардида, имкони дар шароити хуб нигоҳубини то 2 ҳазор тонна меваю сабзавотро доро мебошад.

Масоҳати дохили сардхона дар ду марҳила беш аз 2 ҳазор метри мураббаъро ташкил намуда, дар умум дар он зиёда аз 4 ҳазору 500 тонна меваю сабзавот ҷойгир карда хоҳад шуд.

Масоҳати умумии ҳудуди сардхона 5 ҳазору 200 метри мураббаъро ташкил намуда, он бо дастгоҳҳои худидорашавандаи замони муосир муҷаҳҳаз шудаст.

Дастгоҳҳои замонавӣ, аз кишварҳои Туркия ва Италия ворид гардида, ҳарорати дохили сардхонаро аз 5 дараҷа гармӣ то 10 дараҷа хунукӣ нигоҳ медорад. Чунин шароит имкон медиҳад, ки меваю сабзавот тару тоза ва бо сифати аъло нигоҳ дошта шавад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали иншооти мазкур беш аз 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Ҳоло дар сардхона сабзӣ, картошка, себ, анор, ангур, хурмо ва дигар номгӯи маҳсулот захира карда шудааст.

Тариқи шартнома қабул ва нигоҳдории меваю сабзавоти тару тозаи аҳолӣ бошад, аз бартарияти дигари сардхонаи навбунёд ба шумор меравад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд. Дар намоиш асосан молу маҳсулоте, ки имконияти нигоҳубини онҳо дар сардхона мавҷуд аст, муаррифӣ шуд, ки аз анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, навъҳои гуногуни ангур, бодирингу помидор, себу нок, лиму ва дигар номгӯи маҳсулот иборат буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба ташаббуси соҳибкорон ҷиҳати бунёди сардхона, пешгирии талафёбии маҳсулот ва таъмини бозор бо меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ дар ҳама фаслҳои сол баҳои баланд дода, бунёди сардхонаи муосирро амри муҳим арзёбӣ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE