Мулоқоти Ниятбекзода Вафо бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон

24 июли соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо Алибек бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Атахаллиев Тангригулӣ Реҷепгулиевич баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ, тандурустӣ, саноат ва илму маориф баррасӣ намуда, аз раванди тавсеаи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.

акс: ВКХ ҶТ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE