Дар ҳудуди ҷумҳурӣ  амалиёти “Истгоҳ” гузаронида мешавад

Аз  5 то 15  октябр соли равон бо ташаббуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар мувофиқа бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ  Амалиёти «Истгоҳ» гузаронида мешавад. Тавре аз маркази матбуоти Раёсати мазкур хабар доданд,  амалиёт  бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ ва таксиҳои кироя, инчунин дигар воситаҳои нақлиёт дар кӯчаву роҳҳои  ҳудуди ҷумҳурӣ, коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки  онҳо гузаронида мешавад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бо сабаби дар ҷойҳои муайянгардида – истгоҳҳо  ва ё ҳудуди муайяншуда нигоҳ надоштани нақлиёт, инчунин савор кардан ва ё фаровардани мусофирон дар хатҳои дуюм ва сеюм, дар гузаргоҳ барои пиёдагардон, болои кӯпрук ва ҳудуи роҳҳои дусатҳа нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти мусофиркашнӣ сабабгори афзоиши қоидавайронкунӣ миёни ронандагон гардида истодааст.  Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои  зарурӣ  дар ин ҷода ҳанӯз ҳам  дар ҷумҳурӣ  масъалаи тамбашавӣ ва ё дар истгоҳ нигоҳ надоштани воситаи нақлиёт ташвишовар боқӣ мемонад. Дар ин замина, Раёсати БДА ВКД ҶТ аз тамоми сокинон ва меҳмонони кишвар даъват ба амал меоварад, ки  ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо зимни гузаронидани Амалиёти “Истгоҳ”  қоидаҳои ҳаракатро риоя намуда, нақлиёти мусофирбари ҷамъиятиро дар истгоҳ ва дигар воситаҳои нақлиётро берун аз истгоҳ дар ҳудуди муйяншуда нигоҳ доранд. Дар ҳолати ба қоидавайронкунӣ даст задани ронандагон аз ҷониби нозирони роҳ чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE