Паёми Президенти Тоҷикистонро дар Қазоқистон дастҷамъона тамошо карданд
Рӯзи 28 декабри соли 2023 кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ дастҷамъона тамошо карданд. Дар ин бора дар аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон хабар доданд.
Дар Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат, энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём инчунин роҳи минбаъдаи кишвари азизамонро мушаххас муайян намуда, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ изҳори назар намуданд.