Дар «Сафеддара» бо дарозии 7,2 км роҳи нави лижаронии «Сомонӣ» сохта шуд
Тавре қаблан иттилоъ додем, имрўз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар стансияи болоии Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» роҳи нави лижаронии «Сомонӣ» ифтитоҳ гардида, ба оғози ҳаракати лижаронҳо дар ин масир оғоз бахшида шуд.
Роҳи нави лижаронии «Сомонӣ» дар масофаи 7,2 км сохта шудаст. Дар умум роҳи лижаронӣ дар маҷмаа аз поён то ба боло 30 км-ро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди маҷмаа 10 коттеҷи 1 ва 2-ошёнаи сохти замонавӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла, 6 ададаш аз маҳсулоти муосири сохтмонӣ ва 4 адади дигараш аз чӯби гирдшакл бо услуби аврупоӣ сохта шудааст.
Дар коттеҷҳо барои аз 4 то 8 нафар ҷои хоб пешбинӣ гардидааст. Инчунин дар назди стансияи болоии роҳи танобӣ дар баландии 2590 метр тарабхонаи «Чаман» бо услуби миллӣ бо зиёда аз 100 ҷойи нишаст сохта шудааст.
Ҳамзамон дар маҷмаа бинои нав, ки дар он нуқтаи тиббӣ, хазина ва сервери идоракунии коммуникатсияи иттилоотӣ ҷойгир шудааст, бунёд ёфтааст.