ДАР ТОҶИКИСТОН ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2023 БАЙНИ ҶАВОНОН (U-20) ОҒОЗ ШУД

21 май, чаҳорумин чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода оғоз шуд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар даври аввал дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода мунтахаби Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 тими Эронро шикаст дод.

Дар вохӯрии дигар дар варзишгоҳи КМВА-и пойтахт футболбозони афғон бар тими миллии Туркманистон пирӯз шуданд – 2:1.

Бозиҳои даври дуюми чемпионати CAFA-2023 рӯзи 22 май баргузор мешаванд. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тими Афғонистон вомехӯрад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, соати 17:00 оғоз мегардад. Дар баробари ин, дар варзишгоҳи КМВА-и Душанбе бозии дастаҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон сурат мегирад.

 Чемпионати CAFA-2023 миёни дастаҳои ҷавонон (U-20)

️ Даври 1

 Ӯзбекистон –  Эрон – 3:2

 Туркманистон –  Афғонистон – 1:2

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE