Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои молиявию бонкӣ, маориф, Академияи миллии илмҳо, кумитаҳои ҷавонон, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат Пешвои миллат фаъолияти сохторҳои  мазкурро  пурра таҳлилу баррасӣ намуда, аз роҳбарони навтаъйин барои фаъолияти боз ҳам самараноку сифатноки ин сохторҳо масъулияту иродаи қавии роҳбарӣ талаб намуданд.

Тарбияи ҷавонони соҳибкасбу баландихтисос аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар ин замина тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд, — иброз доштанд Сарвари давлат.

«Бо такя ба неруи созандаи ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол ва омода намудани мутахассисони дорои донишу малакаи ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои муассисаҳои байналмилалии молиявию иқтисодӣ мо метавонем дар оянда рушди устувори давлати худро таъмин намоем», — таъкид намуданд Президенти мамлакат.

Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии мамлакат, таваҷҷуҳи зарурӣ ба забономӯзӣ ва интихоби дурусти касбу шуғл, интихоб ва тарбияи кадрҳои ҷавон дар зинаҳои гуногуни илм, дастгирии олимони ихтироъкору навовар, ислоҳот дар сохторҳои институту пажуҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳо, алоқамандии илм ба истеҳсолоту ихтироот, ҳарчи зудтар таъмин намудани шароит барои пурра гузаштан ба низоми пардохти ғайринақдӣ, иқтисоди рақамӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат аз мавзуъҳои асосии суҳбат буданд.

Роҳбарони намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), Бонки ҷаҳонӣ ва Фонди байналмилалии асъор дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

«Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол мутахассисоне зарур ҳастанд, ки баҳри пешрафту рушд ақлу заковат, маҳорат ва ҳастии худро дареғ надоранд»,- таъкид намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми мулоқот.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE