Дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши идона баргузор шуд

4 сентябр бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор шуд. Дар ин хусус аз ин вазорат хабар доданд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки соҳибистиқлолӣ дар тақдири ҳар мамлакат рӯйдоди бузурги таърихӣ буда, ифодагари орзуву ормонҳои миллӣ мебошад.

Истиқлолият имкон дод, ки халқи тоҷик ба дастовардҳои назаррас, маданияту фарҳанги оламшумул ва эъҷози сулҳофарию тамаддунпарварӣ ноил гардад.

Таъкид гардид, ки  бо талошу кӯшишҳои пайгирона, хизмату заҳмати устуворона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ба ҳадафу мақсади ниҳоии худ — бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва давлати аз нигоҳи сиёсӣ орому осуда расид.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ хизматҳои содиқонаи афсарону кормандони масъул, фаъолияти пурмаҳсул ва хизмати намунавии онҳо аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қадрдонӣ мешавад.

Дар ҳамоиш Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як зумра кормандон мукофотҳои давлатӣ супорид.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ» ба як гурӯҳ хизматчиёни низомӣ ва кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рутбаҳои олии ҳарбӣ ва махсус дода шуданд.

Дар ин радиф 3 корманди Вазорати корҳои дохилӣ бо рутбаи махсуси навбатии «генерал-майори милитсия» сарфароз гардиданд.

Ҳамчунин як зумра кормандони милитсия ва собиқадорон бо рутбаҳои навбатӣ, медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE