«САДОИ ДУШАНБЕ» – ЯКЕ АЗ МАҲБУБТАРИН ШАБАКАҲОИ РАДИОИИ ТОҶИКИСТОН

Акнун мардуми мо ва хушбинони кишвари мо дар хориҷ имконият пайдо мекунанд, ки тўли шабонарўз ҳатто дар нимашаб ҳам бо забони модарии худ барномаҳои қобили таваҷҷўҳи худро шунаванд, бо навигариҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бештар ошно гарданд. Ин натиҷаи ҷустуҷўю эҷодкорӣ ва муносибати дилсўзонаи кормандони соҳаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ нисбат ба талаботу дархости аҳли ҷомеа мебошад.

  Эмомалӣ Раҳмон

Дар даврони соҳибистиқлолии Ватан Кумитаи телевизион ва радио баҳри дастрасии мардум ба шабакаҳои радиоӣ ва телевизионӣ ва сифати баланди пахши барномаҳо ҳамвора кўшиш ба харҷ медиҳад. Талаботи аҳли ҷомеа низ дар ин самт ба хусус радиошунавонӣ рўз то рўз меафзояд. Мардуми дурдасттарин минтақаҳои мамлакат барои шунидани радио ниёз доранд. Радио дар ҳамаи давру замон новобаста ба шароитҳои баамаломада ягона воситаи иттилоърасонӣ, рўҳбаландсозӣ, таскинбахшӣ ва фароғатӣ мебошад. Радио дар ҳақиқат воситаест, ки дар замони муосир ҳамчун як рукни муҳимми маънавии ҷомеа эътироф гардида, дар инъикос ва ҷаҳонбинии мардум, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, пойдории адолат, дўстию рафоқат нақши муассир дорад ва ба афкори ҷомеа таъсири амиқ мерасонад.

Шабакаи «Садои Душанбе» бо низоми муосир ва диди нав аз рўзҳои аввал тавонист ба дили шунаванда роҳ ёбад ва имкониятро барои интихоби мавҷ ба шунаванда фароҳам биорад. Дар баробари ин таваҷҷуҳ намудан ба мушкили иҷтимоии мардум ва боз­гўйи воқеоти рўзгори онҳо, маҳбубияти шабакаро баланд намуд. Метавон гуфт, ки барои Радиои «Тоҷикистон» як рақиби арзанда инкишоф ёфт ва минбаъд рақобати солими онҳо боиси пешрафти кори ҳарду радио гардид. Муҳаққиқи таърихи радио профессор Саидмурод Хоҷазод низ дар китоби «Таърихи радиои Тоҷикистон» (қисми 2) ба ин нукта таваҷҷуҳ карда навиштааст, ки «Дуруст аст, ки баъди фаъолияти шабакаи мустақими «Садои Душанбе» мардум, бахусус, ҷавонон, бештар ба он рўй оварданд ва сафи ҳаводорони дигар шабакаҳои Радиои Тоҷикистон то ҳадде камтар шуд…». Ин андешаи муаллиф ба як қоидаи бозор монанд аст. Барои мисол, ҳар бори наве, ки вориди бозор мешавад, агар аз як ҷиҳат ҳам аз молҳои дигар фарқ кунад харидори худро пайдо хоҳад кард, зеро интихоби мизоҷ гуногун аст. Метавон гуфт, ки «Садои Душанбе» дар ин «бозор» мизоҷи худро зуд пайдо кард.

Беҳтарин барномаҳои он солҳо, ки то ҳол кормандон ва шунавандагони ҳамешагии радио аз онҳо ёдоварӣ менамоянд, «Сиёҳу сафед», «Ҳафт ахтар», «Арзу тули иқтисод», «Маърифати шаҳрвандӣ», «Хонавода», «Мизон», «Ангеза», «Интизорӣ», «Дугонаҳо» «Зиндагии паси саҳна», «Ошиқони Хуршед», «Дурахши ситораҳо» ва ғайра мебошанд.

25 сол аст, ки «Садои Душанбе» аз зумраи маҳбубтарин шабакаҳои радиоӣ дар қаламрави мамлакат дониста мешавад ва фаъолият дорад. Агар аз як ҷиҳат бурди шабака дар кадрҳо бошад, аз тарафи дигар формати пахши он мебошад, ки писанди шунаванда аст. Яъне, шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе» дар формати иттилотиву фароғатӣ. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки шунаванда бештар мехоҳад бо журналист ва умуман бо радио дар робита бошад. Нисбат ба он ки дар ҷомеа чӣ мегузарад, бетараф набошад. Фикри худро гўяд. Маҳз ҳамин имкониятро тавассути барномаҳои мустақим, «Садои Душанбе» ба шунаванда фароҳам овардааст. Бо боварӣ метавон иброз дошт, ки барномаҳои мустақим беҳтарин роҳи нигоҳ доштани шунаванда дар мавҷи радиост.

Имрўз низ барномаҳои ҷолибу шуниданӣ дар шабакаи «Садои Душанбе» хеле зиёданд. Шуниданӣ ба он далел, ки мухлисон ба ин ё он восита дар барнома иштирок мекунанд, савол медиҳанд, назари худро пешниҳод мекунанд ва роҳи ҳалли мушкилашонро аз барномаҳо меҷўянд.

Барномаҳои «Чашми дил» ва «Гар дасти фитодае бигирӣ…» бошад равшанзамирону дигар гурўҳҳои маъюбу эҳтиёҷмандро ба зиндагӣ дилгарм сохт. Ба равшанзамирон, ки аксаран эҷодкору ҳунарманданд, минбар дод, муаррифиашон кард. Бо мусоидати шабакаи «Садои Душанбе» мушкили дастрасӣ ба заминҳои наздиҳавлигӣ, нафақа, обу замини кишт ва дигар масъа­лаҳои чунин гурўҳҳои ниёзманд ҳалли худро пайдо намуданд.

Ҳайати эҷодиву техникии шабакаи «Садои Душанбе» имрўз пайи иҷрои рисолати асосии худ – расонидани иттилоъ, фароғат бахшидан ба шунаванда, таҳлили вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, қарор доранд. Барномаҳои «Муошират», «Нигоҳи рўз»,  «Ҳадиси зан», «Ҳадаф», «Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе», «Муждаҳои истиқлол», «Навои дилошўб», «Муъҷизаи савту наво», «Мадади Сино», «Ҳамсадо», «Базми хусравонӣ», «Барги сабз», «Суфраи шом», «Чашми саҳар», «Сарзамини ҷовид», «Ҳунар аз молу мероси падар беҳ», «Хабар», «Бахши русӣ», «Ҷаҳони футбол», «Фирдавс инҷост», «Ҷилои ҳунар», «Дунёи ҷавонӣ», «Тоҷикис­тон», “Аз ҳавас то фоҷеа”, “Сиришт” ва ғайра маҳсули эҷоди онҳост. Инчунин дар соли 2024 ҳайати эҷодӣ ва техникии шабака тасмим гирифтааст, ки лоиҳаҳои зеринро пешниҳоди сомеон гардонад: “Мулоҳиза”, “Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст”, “Рўзгори рўзноманигор”, “Мо ва табиат”, “Ҳафт рўзи Душанбе”, “Махзани маънӣ”, “Неру”, “Асри дақиқ”, “Хандасаро”, “Чароғи хонадон”, “Набзи пойтахт”, “Маърифати шаҳрвандӣ” ва ғайра… Маҳсули ҳамин барномаҳо буд, ки радиои “Садои Душанбе” дар тадқиқоте, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» солҳои 2018, 2019, 2023 гузаронида шуд, сершунавандатарин радио дониста шуд.

Фаъолияти пурмаҳсули кормандони шабака дар сомона -sadoidushanbe.tj боис бар он гардид, ки Садои Душанбе” дар соли 2021 дар озмуни шаҳрии беҳтарин сомонаҳои иноватсионӣ мақоми дуюм, ва соҳиби диплом, ҷоиза гардад. Сомонаи шабакаи “Садои Душанбе” барои рангоранг намудани майдони асосии худ, ҳамзамон, ҷалби бештари аудитория ба кори сомона ва саҳифаи он дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз усулу жанрҳои муосир, чун суратгузориш, инфографика, навор, овоз ва матн самаранок истифода мебарад. Хонандаи он метавонад тариқи обунаи электронӣ аз навгониҳо хабар ёбад, дар шарҳҳо назарашро нависад, дар саҳифаи расмии сомона дар шабакаҳои иҷтимоӣ андеша гузорад ва бо масъулин дар тамос бошад. Ҳамзамон, дар қисмати “Тамос” тамоми имкониятҳои тамос бо идораи радио мавҷуд аст.

Боиси қайд аст, ки идеяи мустақим ва сартосарӣ эълон намудани шабакаи «Садои Душанбе» дар радиожурналистикаи замони соҳибистиқлолӣ падидаи нав буд. То ин вақт бо чунин формати пахш дар Тоҷикистон ягон радио мавҷуд набуд. Аммо, баъд аз маҳбубият пайдо кардани «Садои Душанбе» идораву шахсони алоҳида ба таъсиси радио бо формати муосир иқдом намуданд. Ба пахши барномаҳо шуруъ намудани радиои «Тироз» (Хуҷанд) дар соли 2001, «Asia-Plus» (2002), «Ватан» (2003), «Имрўз» (2007) ва ғайра, ки ҳамагӣ чанд соли баъд аз оғози фаъолияти «Садои Душанбе» таъсис ёфта ба барномаҳои мустақим афзалият додаанд, гувоҳи он аст, ки ташкилкунандагони онҳо аз ҳамин шабака илҳом гирифтаанд. Яъне, шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе» асос ва заминагузори шабакаҳои нави радиоӣ дар мамлакат гардидааст. Бо вуҷуди шикояти зиёди шунавандагон аз мавҷи ин шабака дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва ба миён омадани шабакаҳои гуногуни радиоӣ, ҳанўз ҳам «Садои Душанбе» дар миёни ҷавонон ва умуман дигар табақаҳои ҷомеа маҳбуб аст.

«Садои Душанбе»-ро рўйи мавҷи 102,2 FM дар шаҳри Душанбе, мавҷи 100,2 FM дар вилояти Суғд, 103,1 дар вилояти Хатлон, 102,5 дар шаҳри Хоруғ, инчунин аз сомонаҳои sadoidushanbe.tj, mediabay.tv, базаҳои DVB-T2, Т3 ва моҳвора низ метавонед гўш кунед.

Шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе» дар Радиои “Тоҷикистон” таҳаввулоти бузурги сохториву муҳтаворо ба миён овард. Имрўз «Садои Душанбе» ба як дастгоҳи идеологӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мубаддал гардидааст.

Фирўз КАРИМЗОДА,

сармуҳаррири шабакаи

«Садои Душанбе»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE