СУТ: КАРАНТИН БАРОИ МУБОРИЗА БО НАМУДИ НАВИ КОВИД 19 КОФӢ НЕСТ

Дар ҳоле, ки тамоми кишварҳои аврупоӣ ба карантини сартосарӣ дар робита ба густариши намуди нави коронавирус баргаштаанд, раванди гирифторшавӣ ба ин беморӣ ҳанузам паст нашудааст. Хамин аст, ки роҳбарияти бахши аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ чораҳои андешидаи ҳукумати кишварҳоро нокофӣ унвон кардааст. Гуфта мешавад, ки новобаста ба шуруи ваксинагузаронӣ дар аксар кишварҳои минтақа ҳафтаи сеюм аст, ки дар ҷаҳон беш аз 4 млн нафар ба ковид 19 мубтало мегарданд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дирӯз шумори мубталоён ба коронавирусро 88 миллиону 532 ҳазору 929 нафар эълон кардааст. Тибқи иттилои манбаъ давоми шабонарузи гузашта дар саросари ҷаҳон  334 290 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд. Шумори ҷонбохтагон аз КОВИД-19 ба 1 миллиону 907 ҳазору 231 нафар расидааст. Бино ба омори охири созмон, то кунун дар саросари олам аз ин вирус 63 миллиону 632 ҳазору 235 нафар муолиҷа шуданд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки то имрӯз дар бемористонҳои олам 108 ҳазору 368 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. Ҳафтаи сеюм аст, ки ҳар 7 рӯз дар олам беш аз 4 миллион сироятшудаи нав ба коронавирус сабт мешавад. Шумори фавтидагон дар ин як ҳафтаи охир 3% афзоиш ёфта, ба 76 ҳазор нафар баробар шудааст. Дар ҳамин ҳол ваксинагузаронии сартосарӣ дар дунё аз охири моҳи декабри соли гузашта оғоз шуда буд. Оғози эмкунӣ умедҳоро бештар мекунад, мардуми олам ба ҳамин умеданд, ки ин тадбир имкон хоҳад дод, то дар мубориза зидди ин вирус пирӯз хоҳанд шуд. Аммо ҳанӯз теъдоди эмшудагон хеле каманд ва таъсири он низ ноаён аст. Дар баробари ин чандин ҳолати марг дар паи ваксинагузаронӣ низ дар кишварҳои гуногун ба қайд гирифта шудааст.  Бахши аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор додааст, ки чораҳои андешидашуда барои мубориза бо навъҳои нави коронавирус кофӣ нестанд. Ҳарчанд бештар аз 230 миллион сокинони Аврупо дар доираи маҳдудиятҳои шадид зиндагӣ карда истодаанд. Ба гуфтаи директори минтақавии СҶТ Ҳанс Клуге, вазъи кунунӣ метавонад як гардиш бошад, ки пас аз он афзоиши шумораи беморон ё суст ё зиёд мешавад. Штамми нави коронавирус аломатҳои вазнин надорад, ба шиддат интиқол ёфтани он боиси он шудааст, ки шумори гирифторон якбора афзояд. Аммо чораҳо ҳамонанд, ки буданд: доштани ниқоб, риояи фосилаи иҷтимоӣ, маҳдуд кардани иртиботҳо, шустани дасту рӯй ва ғайра. Ҳукумати Британияи Кабир ба барномаи эмкунии аҳолӣ табибони ҳарбиро ҷалб намуд. Вазъ дар ин кишвар хеле нигаронкунанда боқӣ мондааст. Баъзе коршиносон мегӯянд навъи нави коронавирус ба ҳадде осонгузар аст, ки ҳатто тадбирҳои шадиди карантинӣ низ гумон аст садди роҳи он шаванд. Шумори беморони бистаришуда 40% бештар аз шумори беморон дар баҳори соли гузашта мебошад. То кунун дар Британия 1,3 миллион нафар бар зидди КОВИД-19 эм карда шуданд. Дар Олмон – 265 ҳазор, дар Италия – 128 ҳазор, дар Фаронса ҳамагӣ 516 нафар. Дар Фаронса ду манбаъи панҳншавии штамми британиёии SARS-CoV-2 ошкор шудааст. Зимнан Ҳукумати Финландия маҳдудиятҳои зиддикоронавирусиро ҳаддиақал то 9 феврали соли 2021 тамдид кардааст. Япния ба муддати як моҳ дар Токио ва навоҳии атрофи он ҳолати фавқулода эълон намудааст. Бино ба иттилои охири созмони ҷаҳонии тандурустӣ шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 23 541 сироятшудаи нав ба КОВИД-19 сабт шудааст. Суръати афзоиши рӯзона 0,7 дар садро ташкил додааст.

                                                                                    Раҳмонзода Мижгон

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE