Форуми байналмилалӣ доир ба авиатсияи гражданӣ дар Риёз

9-11 майи 2022 дар Риёз бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Хадамоти авиатсияи граждании ин кишвар Форуми байналмилалӣ доир ба дурнамои авиатсияи гражданӣ (Future Aviation Forum) баргузор гардид.
Дар форуми мазкур намояндагони 60 давлати дунё, аз ҷумла вазирони нақлиёт ва роҳбарони мақомоти авиатсияи граждании кишварҳо, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалию минтақавии марбут ба соҳаи авиатсия ва дигар доираҳои дахлдор иштирок намуданд. Бо даъвати ҷониби саудӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар ин ҳамоиш иштирок кард.
Форуми байналмилалии Риёз доир ба дурнамои авиатсияи гражданӣ дар кори худ ба се меҳвари калидии рушди авиатсияи гражданӣ – инноватсия, рушд ва устуворӣ дар давраи пас аз пандемия тамаркуз намуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE