Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири Озарбойҷон мулоқот кард
13 феврали соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскеровро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷонибҳои масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сафири Озарбойҷон И.Насрединро бинобар таъйин гардидан ба мақоми баланд табрик гуфта, ба ӯ муваффақиятро орзу кард.