РУШДИ СОҲАИ ПАРРАНДАПАРВАРӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Паррандапарварӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва сердаромади соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҳудуди кишвар барои рушду густариши соҳаи мазкур барномаву қарорҳои алоҳида ба тасвиб ва мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар шаҳри Ҳисор низ соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз шароити фароҳамовардашуда корхонаҳои парвариши паррандагонро ташкил намуданд, ки ҳадаф аз он таъмини аҳоли бо маҳсулоти ватанӣ ва таъмини ҷойҳои нави корӣ мебошад. Корхонаи “Ҳасиби Ҳисор-Паррандапарвар” аз зумраи ҳамин гуна корхона маҳсуб меёбад, ки дар он наъҳои гуногуни чӯҷаҳо аз қабили Брамма, Ҷолагӣ, Бройлер ва амсоли он парвариш карда мешавад. Диловар Абдуллоев намояндаи корхонаи мазкур дар суҳбат бо мо гуфт, ҳоли ҳозир 8 сехи парвариши парранда вуҷуд дорад, ки ҳамарӯза тухми фаровон аз онҳо гирифта мешавад. Натиҷаи ин буд, ки соли гузашта беш аз 19 миллион тухм истеҳсол гардид,ки барои истифодаи сокинони мамлакат равона гардид

Масъулини корхонаи мазкур иброз доштанд, ки дар давоми сол иловатан 2 сехи коркарди гушти мурғро ташкил менамоянд. Ҳоли ҳозир дар корхонаи “Ҳасиби Ҳисор-Паррандапарвар” беш аз 30 нафар коргарони маҳаллӣ фаъолият менамоянд, ки 20 нафари онҳоро занону бонувони хонашин ташкил медиҳанд, Диловар Абдуллоев намояндаи корхонаи мазкур.

Маврид ба зикр аст, ки тайи чанд соли охир соҳаи паррандапарварӣ дар ҳудуди шаҳри Ҳисор бо сурати баланд тараққи ёфта, чандин корхонаҳои паррандапарварӣ сохтаю мавриди истифода қарор гирифтаанд. Вале сокинони маҳаллӣ ҳамоно иддао доранд , ки тухми мурғ дар ҳудҳуди шаҳр гарон аст ва барои харидории он мушкилӣ эҷод менамояд. Нархи як баста, ки 30 дона тухмро дар бар мегирад ва дар корхонаҳои паррандапарварии ҳудуди шаҳр истеҳсол мегардад, 34-36 сомонӣ арзиш дорад, ки нисбати тухмҳои дигаре, ки ба шаҳр ворид мешаванд гаронтар аст. Масъулинро лозим аст, ки сари ин масъала ҷиддан кор гиранд ва маҳсулоти босифату арзонро пешниҳоди сокинони шаҳр намоянд.

Аминзода Бахтовар

Садои Душанбе

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE