Маркази тадқиқоти стратегӣ ва ЮНИСЕФ вобаста ба пажуҳиши осебпазирӣ ва хатарҳои мансуб ба наврасон ҳамкорӣ менамоянд
Зимни мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо мушовири минтақавии ЮНИСЕФ-и Созмони Милали Муттаҳид Марио Москер барои тавсеа ва тақвияти ҳамкорӣ вобаста ба осебпазирӣ ва хатарҳое, ки наврасон ба он дучор мегарданд, ибрози назар карда шуд. Дар ин хусус аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.
Таъкид гардид, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ дорои таҷрибаи ҳамкорӣ бо созмони ЮНИСЕФ дар самти баргузории таҳқиқоти соҳавӣ буда, минбаъд низ омодаи ҳамкории судманд мебошад.
Марио Москер иброз намуд, ки хоҳишманди гирифтани маълумот доир ба фаъолияти таҳлилии Маркази тадқиқоти стратегӣ ва барномаи минбаъдаи илмиву таҳқиқотии банақшагирифта вобаста ба масоили иҷтимоӣ мебошад. Изҳор гардид, ки ЮНИСЕФ доир ба пажуҳиши масъалаҳои мавҷуда дар муҳити наврасон омодаи ҳамкорӣ аст.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба дурнамои ҳамкории муштарак вобаста ба масъалаҳои некуаҳволии кӯдакон ибрози назар намуданд.