Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими рӯнамоии китоби тозанашр «Намакдони миллат кафи дасти ӯст»-и шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ, аҳли илму адаб, муҳаққиқон, рӯзноманигорон, зиёиён ва дӯстдорони китоб иштирок намуданд.
Бояд қайд кард, ки маҷмуаи мазкур корномаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонронро дар бунёди Тоҷикистони навин ва эъмори сулҳу ваҳдати миллиро ифода намуда, зинаҳои тайкардаи 35-соли Истиқлолияти давлатиро дар бар мегирад.
Салмон Султонзода
Садои Душанбе

