21-УМИ МАРТ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ПАЗИРОИИ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода
Таҷрибаи ҳамкории байналмилалӣ ва узвият ба ташкилотҳои сатҳи ҷаҳонӣ собит менамоянд, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои моддӣ ва ғайримоддии ин ё он халқу миллат одатан ба санаҳои муайян ва ё ҷашну рӯйдоди хоссаи мардумон пайвандӣ дорад. Чунин пайвандии санаҳои таърихӣ ба тамоми аҳолии курраи замин муҳим будан ва масъалаи меҳварӣ ба ҳисоб рафтани рӯйдодро бори дигар хотирнишон месозад.
Аз ин рӯ, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муқаррар намудани яке аз рӯзҳо ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ташаббус нишон дода шуд.
Бо назардошти пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо тарафдории аксари кишварҳои ҷаҳон 21-уми март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” муқаррар карда шуд.
21-уми март муайян гардидани “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” басо рамзӣ ва падидаи нек аст. Зеро ин рӯз мардуми шарифи Тоҷикистон, тамоми тоҷикзабонони ҷаҳон ва мардумони “ҳавзаи Наврӯз” Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Яъне аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид муайян шудани 21-уми март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” беҳикмат набуда, нишон аз арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ба фарҳанги тоҷикон, махсусан ташаббусҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин иқдоми Созмони Милали Муттаҳид бори дигар нуфузи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳад.
Дар таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати ҳифзи объектҳои гуногуни экологӣ таҷлил намудани якчанд санаҳои байналмилалӣ муқаррар гардидааст. Аз ҷумла, 22-юми апрел – Рӯзи байналмилалии Замин, 5-уми июн – Рӯзи ҳифзи муҳити зист, 4-ми октябр – Рӯзи байналмилалии ҳайвонот, 11-уми декабр – Рӯзи байналмилалии кӯҳсор ва ғайра.
21-уми март пешбинӣ гардидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо низ ба ҳифз, нигоҳдошт ва аҳаммияти муҳим доштани пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун манбаи обии сайёраи замин равона гардидааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва фароҳам овардани заминаҳои ташкилӣ-ҳуқуқии муайяннамоии Рӯзи байналмилалии ҳифзи онҳо чораҳои мушаххаси амалиро роҳандозӣ кардааст. Аз ҷумла, дар кишвар ба мушкилоти обшавии пиряхҳо то кунун як барномаи давлатӣ бевосита ва ду стратегия бавосита қабул гардида, амал карда истодаанд, ки мазмуну моҳият ва ҳадафи амалисозии онҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои болозикр равона гардидааст. Яке аз чунин санадҳо Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 мебошад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми майи соли 2010, №209 тасдиқ шудааст. Дар ин Барнома ҳадафҳои созанда ва муқаррарот ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва муайян намудани санаи дақиқе чун Рӯзи ҳифзи пиряхҳо ҷой доранд.
СОЛИ 2025 – СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
Тағйирёбии глобалии иқлим, сол то сол гармтар шудани ҳаво аз мушкилоти ҷиддии экологиест, ки тайи чанд даҳсолаи охир ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш ва мушкилоти азим рӯ ба рӯ кардааст. Оқибати ин тағйирёбӣ ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ таъсиррасон буда, аллакай аз худ дарак дода истодааст.
Об дар ҷаҳон, махсусан, Осиёи Марказӣ неъмати бебаҳо, муҳимтарин унсури миллӣ ва амниятии минтақавист. Он дар баробари неъмати истеъмолии зарурии ҳаётӣ будан, асосан дар хоҷагии халқ бо мақсади обёрии замин ва тавлиди энергия истифода бурда мешавад. Ҳоло муайян карда шудааст, ки зиёда аз 90 фоизи оби ҳавзаи Баҳри Арал дар обёрии кишоварзӣ сарф мегардад. Бо афзоиши аҳолӣ ва беш аз пеш расидани кишварҳои минтақа ба шукуфоии иқтисодӣ талабот ба об торафт зиёд мешавад. Дар 60 соли охир шумораи аҳолӣ дар минтақа аз 20 миллион ба 65 миллион нафар ва талабот ба истеъмоли солонаи об аз 60 км3 ба 110 км3 расида, мувофиқи пешгӯиҳои илмӣ ин талабот то соли 2030 боз то 20 фоиз афзоиш хоҳад ёфт. Вобаста ба тағйирёбии иқлим ва ба таври бесобиқа гарм шудани ҳавою обшавии аз меъёр зиёди пиряхҳо масъалаи таъминоти минтақа бо обро дар солҳои наздик боз ҳам печидатар хоҳад кард.
Ҳамин аст, ки ба масъалаи муносибати оқилонаю сарфакорона ба об ҳамчун неъмати бебаҳо ва бо чизе ивазнашавандаи табиат, Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Кишвари мо тайи 20 соли охир ташаббускори фаъоли масъалаҳои марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ бо сарварии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҷойгоҳи калидиро дар меҳвари сиёсати умумиҷаҳонӣ касб намудааст.
Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор ташаббусҳои муфид оид ба истифодаи оқилонаи об аз минбари Созмони Милали Муттаҳид баромад намуданд. Дар соҳаи сиёсати байналмилалии обӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои фаъол, ташаббускор ва аз субъектҳои асосии он ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори асосии Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), ҳамчунин, Даҳсолаи байналмилалии «Амал об барои рушди устувор» (2018-2028) мебошад.
Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз асосгузорон ва узви фаъоли Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор ва Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии ҳоҷагии оби Осиёи Марказӣ аст. Аз ин лиҳоз, ҷумҳурии мо бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои наздисоҳилӣ бояд аз захираҳои оби дар ихтиёрдоштааш оқилона истифода намояд.
Тоҷикистон дорои захираи фаровони обӣ мебошад ва 60 фоизи оби дарёҳои Осиёи Марказӣ, аниқтараш 64 миллиард метри мукааб об ҳар сол дар қаламрави кишвар тавлид меёбад. Манбаи ин оби фаровон дар навбати аввал агар боришоти зиёди барфу борон дар минтақаҳои баландкӯҳ бошад, аз сӯйи дигар пиряхҳост, ки дар натиҷаи пайиҳам боридани барф ва аз сардии ҳаво ба зудӣ об нашудани онҳо дар ин минтақаҳо қомат афрохтаанд. Барфҳои доимӣ дар фарозҳои бузург зери таъсири вазни худ ғафс шуда, тадриҷан ба яхи фирновии (куҳнаи) донакдор ва пас аз гузашти муддате боз ҳам ғафстар гардида, ба яхи шаффофи пурҷило табдил меёбанд.
Қариб нисфи ҳамаи қитъаҳои пиряхии Осиёи Миёна дар ҳудуди Тоҷикистон дар баландии 3500-5300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидаанд.
Воқеан, ин пазироӣ ба сифати кишвари ташаббускор асосҳои худро дошта, дар ин замина, то ба имрӯз дар аксари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои экологӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти соҳа дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон зикри худро ёфтаанд.
Алалхусус, дар меҳвари паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан масъалаҳои тағйирёбии иқлим, норасоии оби нӯшокӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии инсоният қарор гирифтааст.
Дар ҳамин раванд, соли 2008 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид гардида буд: «Дар шароити тақвият ёфтани раванди гармшавии ҷаҳонии иқлим масъалаи аз меъёр зиёд об шудани пиряху қабатҳои барфи минтақаҳои ташаккули захираҳои об боиси нигаронии шадид мебошад».
Албатта, дар мавриди зикршуда ҳолати таъсири нобасомони гармшавии иқлимро нисбат ба пиряхҳо мушоҳида карда метавонем, ки дар ҳолати чораҷӯйӣ накардан аз ҷониби мамлакати алоҳида ва ё дар якҷоягӣ давлатҳои минтақа ва ҷаҳон метавонад ба оқибатҳои ногувори табиӣ оварда расонад. Дар баробари ин, обшавии пиряхҳо барои нигоҳдории муътадили обанборҳои сунъӣ сохташуда, неругоҳҳои барқию обӣ, киштзорҳо, ҷойҳои аҳолинишин метавонад таҳдиди бевосита дошта бошад, зеро аз меъёри муқаррарӣ зиёд шудани об дар гардиш метавонад ба ин оқибатҳои ишорагардида оварда расонад.
Дар баробари ин, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 21-уми декабри соли 2021 таъкид ба амал оварда шудааст, ки “Тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 дарсади захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст. Дар ин замина, кишвари мо ба мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй карда истодааст. Вобаста ба тағйирёбии иқлим, баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёнаи кураи Замин ва пайомадҳои манфии он барои ҳаёти инсон, олами ҳайвоноту наботот ва пиряхҳои кишвар зарур аст, ки олимони мо омӯзиш, таҳқиқ ва мониторинги доимиро дар ин самтҳо ба роҳ монда, роҳу усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро якҷо бо олимони минтақа ва ҷаҳон коркард ва амалӣ намоянд”.
Натиҷаи кӯшишҳои Роҳбарияти олии мамлакат буд, ки санаи 14 декабри соли 2022, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни Иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо дарназардошти ин, Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Мояи ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
– Эълон гардидани 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
– Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
– Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
– Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.
Қатъномаи мазкур аҳаммияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр намудааст. Инчунин, дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст.
Теъдоди зиёди ҳаммуаллифони қатъномаи мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад.
Дар баробари ин, бояд аз мадди назар дур насозем, ки масъалаҳои экологӣ, алалхусус, таъмини ҳифзи пиряхҳо метавонад ба суботи экологии наслҳои ояндаи аҳолии Тоҷикистон ва ҳатто минтақа созгор бошад. Бинобар ин, бояд боз ҳам масаъалаҳои робитаҳои берунӣ оид ба беҳсозии вазъи мавҷудаи захираҳои пиряхҳои ҳудуди мамлакат ва омӯзиш, нигаҳдорӣ ва ҳифзи онҳо ҷоннок карда шаванд.
Мутаассифона, таҳдидҳову хатарҳои муосир, аз ҷумла, мушкилоти тағйирёбии иқлим ин равандро ба таври ҷиддӣ халалдор кардаанд. Чунин ҳолат таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд, зеро таъсири он ба захираҳои об, бахусус пиряхҳо, бисёр возеҳ ва нигаронкунанда мебошад.
Дар ин росто, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором (шаҳри Душанбе, тариқи маҷозӣ (онлайн), 23 апрели соли 2022 таъкид ба амал оварданд, ки Тоҷикистон низ зери таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар чанд даҳсолаи охир зиёда аз як ҳазор пиряхи худро аз даст дода, ҳамасола аз селу обхезиҳои зиёд ва хушксоливу камобӣ, ки марбути ин раванд мебошанд, хисороти зиёди моливу ҷонӣ мебинад.
Мусаллам аст, ки захираҳои об дар мутобиқшавӣ ва устувор будан ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим нақши калидӣ доранд. Дар ин замина, Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли Пешвоёни Эътилофи обу иқлим ҷиҳати пешбурди ҳамгироишудаи масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ саъй менамояд.
Бо дарназардошти андешаҳои болозикр бояд таъкид намоем, ки эҳтимол дар натиҷаи гармшавии иқлим дар бисёр минтақаҳо ғайричашмдошт бо суръати таҳдидкунанда обшавии пиряхҳо, ки манбаи оби нӯшокианд, ба назар мерасад. Аз рӯйи мушоҳидаҳо дар давоми панҷоҳ соли охир дар кӯҳҳои Помир, ки ганҷинаи табиии оби тоза мебошанд, захираи пиряхҳо ду баробар кам шудааст. Агар ин ҳолат бетағйир монад, оқибатҳои онро тасаввур кардан мушкил нест.
Ҳолати болозикр яке аз омилҳои меҳварӣ дар нобудшавии захираҳои муҳимми пиряхҳо дар дилхоҳ минтақа ба шумор меравад, ки ҳолати буҳронӣ маҳсуб мегардад.
Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки талафоти солона аз тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои фавқулодаи иқлимӣ 600 миллион доллар ё 4,8 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ мебошад. Албатта, вазъи мазкур барои кишвари мо аз нигоҳи иқтисодӣ талафоти молиявии бузург маҳсуб мешавад. Бинобар ин, тадбирандешӣ дар ҷодаи ҳифзи пиряхҳо барои тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ таъсиргузор боқӣ мемонад.
ФОНДИ БОВАРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРОИ САҲМГУЗОРӢ БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР НАЗДИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар доираи «Маросими ифтитоҳи Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси бистуҳафтуми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим» чунин зикр намуда буданд: «Обшавии босуръати пиряхҳо, ки яке аз манбаъҳои асосии оби тоза мебошанд, дар баробари зиёдшавии истеъмоли об бар асари афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ, метавонад боиси оқибатҳои бағоят манфӣ гардад. Возеҳ аст, ки ин масъалаи доғ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан пешвоёни сиёсӣ қарор дошта бошад. Дар ин замина, мо пешниҳод намудем, ки соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи мушаххасе ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Ҳамчунин, мехоҳам бори дигар аз пешниҳоди Тоҷикистон оид ба таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ёдовар шавам. Итминон дорам, ки қабули ин иқдомот ва дигар ташаббусҳои ба онҳо монанд, ҷиҳати дар сатҳи глобалӣ андешидани чораҳои дастаҷамъона ва татбиқи амалҳо ба хотири ҳифзи пиряхҳо такони тоза хоҳад бахшид».
Маҳз бо дарназардошти пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон оид ба таъсис намудани «Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» санаи 14 декабри соли 2022, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни Иҷлосияи 77-уми худ бо ҷонибдории 153 кишварҳои аъзо қарор оид ба “Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо” қабул кард. Ҳолати мазкур боз як қадами устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти дастгирии ташаббуси кишвари алоҳида буда, дар ин замина, омодагии ҷомеаи башариро ҷиҳати таъмин намудани бехатарии захираи пиряхҳои сайёраи замин исбот намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки ташкили Фонди мазкур бевосита ба он равона мегардад, ки аз ҳисоби манбаъҳои захиравии он ба кишварҳо ва давлатҳои алоҳида, ки дар самти дастрасӣ ба ҳифзу нигоҳдошти пиряхҳо ҳамчун манбаи захираҳои обӣ эҳтиёҷ доранд, дастгириҳо ва кумакҳо роҳандозӣ карда мешаванд.
ДОИР НАМУДАНИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР СОЛИ 2025 ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҳошияи “Иҷлосияи бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27)” чунин иброз намуда буданд: «Мо дар доираи талошҳоямон барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи марти соли 2023 таҳти раёсати Тоҷикистону Нидерланд баргузор мегардад, ҳамбастагии обу иқлимро ба ҳайси яке аз мавзуъҳои асосии Конфронс пешниҳод намудаем. Мо, ҳамчунин, дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи об тарҳи Рӯзномаи амал дар соҳаи обро, ки бояд уҳдадориву амалҳоро дар чорчӯби Конфронси соли оянда ба ҳам оварад, манзур намудем. Итминон дорам, ки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор тавассути иштироки фаъол, гирифтани уҳдадорӣ ва суръатбахшии амалҳо дар татбиқи ин масъулияти бузург моро дастгирӣ хоҳанд кард».
Қобили зикр аст, ки дар чаҳорчӯби пешниҳодҳои болозикри ҷониби Тоҷикистон дар соли 2025 дастгирӣ ёфтани баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе – пойтахти кишвари азизи мо аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон бозгӯйи давлати пешоҳанг ва бунёдгузори ташаббусҳои созандаву фарогир будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳақиқат, баргузории Конфронси мазкур метавонад барои муколамаи сатҳи байналмилалии илмӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои бартарафсозии хатарҳои обшавии пиряхҳо ва таъминоти аҳолии сайёра бо об замина фароҳам созад.
Бо дарназардошти ин, аз ҷониби СММ ташаббуси кишвари мо якдилона пазируфта шуд, ки ҳолати мазкур некбинона ва ояндасоз будани сиёсати экологии Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллатро ифода менамояд.
Дар баробари ин, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои милливу байналмилалӣ ва мақсаднок гузаронидани Конфронси болозикр вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса, ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилаливу ҷамъиятии дар ҳудуди кишвар фаъолияткунандаро зарур аст, ки мушкилот, масъалаҳо, мавзуъҳо ва таҳқиқоти илмиву амалии марбут ба ҳифзи пиряхҳоро коркард намуда, ҷиҳати чораандешии дарозмуҳлат дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои баррасӣ дар ҳамоиши мазкур пешниҳод созанд.
Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон