Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо намояндаи Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мулоқот кард

2 апрели соли 2024 вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо намояндаи Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзиии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҷаноби Олег Гучгелдиев баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону ва Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзи Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ ва муҳокима шуданд.

Ҷонибҳо оид ба ҳамаи масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ки дар самти ҳифзи муҳити зист мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуда, ба мувофиқа расиданд.

Дар фарҷоми вохурӣ байни Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) ва Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зисти Кумита Созишномаи ҳамкорӣ дар самти ҳифзи гуногунии агробиологӣ ва захираҳои генетикӣ дар Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE