Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо бозигарон ва ҳайати мураббиёну маъмурияти тими миллии футзали кишвар мулоқот кард

Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо бозигарон ва ҳайати мураббиёну маъмурияти тими миллии футзали Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.

Пагоҳ, 6 апрел мунтахаби футзали мо таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов ба Тайланд сафар намуда, онҷо марҳилаи ниҳоии омодагиро пеш аз қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 мегузаронад.

Дар вохӯрӣ бо даста ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, дабири кулли ФФТ Фурқат Ахмедҷонов ва директори техникии ФФТ Увайдо Давлатбеков ширкат доштанд. Зимни мулоқоти гарму самимӣ роҳбарият бо бозигарон ва ҳайати мураббиён дар бораи Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17-ум то 28-уми апрел дар Таиланд баргузор мешавад, суҳбат карданд. Роҳбарияти ФФТ бо даста хайрухуш карда, ба онҳо дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё барору комёбӣ таманно намуданд.

Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ (18 апрел), Қирғизистон (20 апрел) ва Ҷопон (22 апрел) рақобат мекунад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE