Таҷлили ҷашни Истиқлол ва 30 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ

25 сентябри соли 2022 дар Риёз ба ифтихори 31-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ ва намояндагони доираҳои расмӣ ва кории кишвари иқомат баргузор гардид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикиcтон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ зимни сухани табрикии худ роҷеъ ба арзишҳои волои истиқлол ва соҳибихтиёрӣ, дастовардҳои кишвар дар даврони истиқлол таҳти раҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳаммияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини кишвар маълумот дод.

Таъкид гардид, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ ба раванди барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва ҳифзи арзишҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE