Мунтахаби футзали Тоҷикистон аз рӯйи реҷаи тамринии дукарата дар Бангкок машқ дорад

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов омодагиҳоро ба Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17 то 28 апрел дар Тайланд баргузор мешавад, идома медиҳад. Дар ин бора аз ТВ “Варзиш” хабар доданд.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон  аз рӯйи реҷаи тамринии дукарата дар Бангкок  машқ дорад

Дар ҷамъомади тамринӣ дар Бангкок футзалбозони Тоҷикистон рӯзе ду маротиба тамрин мекунанд.

13-уми апрел тими миллии Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ бозии санҷишии дуюми худро баргузор мекунад. Рақиби дастаи мо тими миллии Чин мебошад.

Бояд гуфт, ки то бозии аввали тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 шаш рӯзи дигар мондааст. Дар оғози мусобиқот рӯзи 18 апрел мунтахаби Тоҷикистон бо тими Кореяи Ҷанубӣ рақобат мекунад. Дастаи Пайрав Воҳидов рӯзи 20 апрел бо Қирғизистон ва 22 апрел бо мунтахаби Ҷопон вомехӯрад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE