Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс мулоқот кард

14 апрели соли 2024 дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи баргузории Ҷаласаи дуюми вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс оид ба Муколамаи стратегӣ вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс Ҷосим Муҳаммад Ал-Будайвӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Шурои мазкурро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ карданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE