Якчанд қоидаи муҳим дар Олимпиадаи Токио
Олимпиадаи Токио, ки бинобар пандемия ба муддати як сол мавқуф гузошта шуда буд, бо маҳдудиятҳои шадиди беҳдоштӣ баргузор карда мешавад. Олимпиадаи Токио, ки аз 23 июл то 8 август дар назар аст, бо иштироки бевоситаи то 10 ҳазор тамошобин баргузор мегардад.
Мақомоти Ҷопон истисно намекунанд, ки дар сурати шиддати хуруҷи коронавирус, бозиҳо ҳатто бидуни тамошобин баргузор шаванд. Варзишгоҳҳо набояд аз нисфи иқтидори умумӣ пур карда шаванд. Бозиҳоро танҳо шаҳрвандони Ҷопон мустақиман тамошо карда метавонанд, мухлисони хориҷӣ ба Олимпиада роҳ дода намешаванд. Дар ҳамин ҳол сарвазири Ҷопон, Ёсихидэ Суга гуфта буд, ки агар дар Токио вазъи гирифторӣ ба COVID -19 шиддат гирад, эҳтимол дорад, ки ҳолати фавқулода ҷорӣ карда шаваду Олимпиада бе ҳузури мухлисон гузарад.