Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо дар шаҳри Душанбе ҷаласаи доир шуд
Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 08 апрели соли 2024, №184 “Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо дар шаҳри Душанбе”, имрӯз бо роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода ҷаласаи кумитаи тадорукот доир карда шуд. Дар ҷаласа муовинони Раиси шаҳри Душанбе, намояндагони Кумитаҳои олимпӣ, ҷавонон ва варзиш, федератсияи Ҷудои кишвар, роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ ва дигарон ширкат доштанд.
Роҳбари кумитаи тадорукот дар баромади худ қайд намуданд, ки ин навбат низ, бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқа, Қарори дахлдор ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба тасвиб расида, тибқи он вазифаҳо барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабинӣ ба масъулин пешниҳод карда шудааст. Аз ин рӯ, аз ҳар яки мо талаб карда мешавад, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани чорабинӣ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намуда, баҳри амалӣ намудани дустуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ чораҳои саривақтӣ андешем.