Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон бо Раиси шаҳри Нарваи Ҷумҳурии Эстония Ян Тоотс мулоқот кард

Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон бо Раиси шаҳри Нарваи Ҷумҳурии Эстония Ян Тоотс доир гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ доир ба роҳандозии робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ, маориф ва рушди ҳамкориҳо байни соҳибкорони ду шаҳр табодули афкори судманд анҷом доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE